Афзоиши маҳсулот дар Суғд
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар ду моҳи соли 2012 дар вилояти Суғд аз тамоюли афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ гувоҳӣ медиҳанд.Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин муддат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 529,4 млн. сомонӣ расид. Суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,8 фоизро ташкил дод ва ба маблағи 76,3 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ зиёд истеҳсол гардид.Ҳамчунин аз 267 корхонаи саноатӣ 162 корхона вусъати афзоишро нисбат ба соли 2011 таъмин намуда, истихроҷи ангишт 38,7 фоиз, истеҳсоли хишти блок 3,5 маротиба, маҳсулоти пластмассӣ 2,3 маротиба, калобаи пахтагин 87,8, нахи пахта 85,7, равғани растанӣ 51 фоиз нисбат ба соли 2011 афзун гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






