Афзоиши таҳсили пулакӣ
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Тарзи таълими пулакӣ барои донишҷӯён торафт васеъ мегардад,- иброз доштанд дар Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».Тибқи маълумоти манбаъ, соли таҳсили ҷорӣ дар шароити пардохти пурраи хароҷоти таълим 13,3 ҳазор нафар ё 33,1 фоизи шумораи умумии донишҷӯён таҳсил мекунанд. Дар асоси қарордод бо пурра пардохтани хароҷоти таълим ҳамагӣ 4 ҳазору 973 нафар донишҷӯ ба мактабҳои олӣ фаро гирифта шудааст.Дар айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 14,2 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар 51 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 40 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил менамояд. Шумораи донишҷӯён дар шӯъбаҳои рӯзона 32,2 ҳазор нафар буда, 55,1 фоизи шумораи умумии онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи зиёди духтарон (72 фоиз) дар коллеҷҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва омӯзишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар соли таҳсили 2011- 2012 дар ҷумҳурӣ 27 адад муассисаи мустақил -(донишгоҳ, донишкада ва академияҳо) ва 6 филиали таҳсилоти олии касбӣ фаъолият дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






