Анҷоми ҷоми даъвати АФК
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар вохӯриҳои нимниҳоии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё дастаи мунтахаби Туркманистон рақиби дастаи мунтахаби мо Филиппинро, ки дастаи Тоҷикистонро аз идомаи бозиҳо дар канор карда буд, бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб карда, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар вохӯрии ҷуфти дуввум Куриёи Шимолӣ футболбозони Фаластинро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дод. Имрӯз бозиҳо ҳам барои мақоми севвум ва ҳам барои ҷои аввал барпо мегарданд. Ғолиби бозии байни дастаҳои Куриёи Шимолӣ ва Туркманистон ба мусобиқоти ниҳоии Ҷоми Осиё дар соли 2015 роҳхат хоҳад гирифт








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






