Арӯсии 33 ҷуфти ҷавон
Душанбе, 19 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯз, 18 март Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон шукӯҳи идона дошт. Дар ин ҷо бо иқдоми намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди Имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон тӯйи арӯсии 33 ҷуфт ҷавон барпо гардид.Ҷавонони саодатмандро бо рӯзи саиду фархунда Раҷабалӣ Тағоев, раиси ноҳияи Ёвон, Саидҷаводи Разавӣ, раиси намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо тандурустӣ ва дар зиндагиашон оромию осоиш ва саодати ҳаётро таманно карданд. 33 ҷуфт ҷавон, ки тӯйи арӯсиашон дар остонаи ҷашни Наврӯз барпо гардид, аз шаҳру ноҳияҳои Роғун, Норак, Ваҳдат, Файзобод ва Ёвон дар оилаҳои ниёзманд ба камол расидаанд. Ба навхонадорон Қуръони карим, инчунин ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолин, яхдон, чангкашак, тафдон, дарзмол, мошинаи ҷомашӯӣ, дарздӯзӣ ва чойники электрикӣ ҳадя гардид. Дар маросими ақди никоҳи ҷавонон ҳамзамон пирони рӯзгордида, волидайни арӯсу домодҳо навхонадоронро шодбош гуфта, ба роҳи нек ҳидоят намуданд. Онҳоро дар зиндагӣ ба ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул, ба ҷо овардани иззату эҳтироми падару модар ва ҳамсар, ба воя расонидани фарзандони солеҳу вафодор ба сарзамин даъват карданд. Ба ҷашни арӯсии ҷавонон ҳунармандони Театри мардумӣ ва Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон бо суруду таронаҳои дилошӯб ва намоиши анъанаҳои мардумӣ шукӯҳи хосса бахшиданд. Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон аз ҷониби Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Нуробод ва Ҳисор тӯйи арӯсии беш аз 1000 ҷуфт ҷавон барпо шудааст. Намояндагии Кумитаи имдод аз соли 1994 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дошта, ба оилаҳои ниёзманд дар бахши маводи ғизоӣ, тиббӣ, асбобу анҷоми хониш, таъмири манзили зист ва қарзи бефоиз барои рушди соҳибкории хурд кӯмак мерасонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






