Авфшудаҳои калбакӣ

Март 19, 2012 10:34

Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Мӯҳлати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» (20. 08.11)кайҳо ба охир расид (20.11.11) ва нисбати беш аз 17 ҳазор нафар маҳбус татбиқ гардид. Аз ин ҷумла 4676 нафар маҳкумшудагон аз адои ҷазо озод гардида, мӯҳлати адонагардидаи ҷазои 5157 нафар маҳкумшудакам гардид. Бино ба гуфти директори Агентии назоратидавлатии мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Саидов, 10 маҳбусе, ки бо истифода аз асноди қалбакии тиббӣ авф шуда буданд, дубора зиндонӣ шуданд.Ба иттилои манбаъ, феълан барои таҳқиқи ин ҳодиса комиссияи босалоҳият таъсис дода шудааст. Дар асоси таҳқиқи фаъолияти кори комиссия тақаллубӣ будани ҳуҷҷатҳои даҳ нафар маҳбуси авфшуда ошкор шуда, онҳо аз нав ба ҳабс гирифта шуданд. Комиссия таҳқиқи дигар парвандаҳоро рӯи даст дорад.Дар давраи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» аз тарафи мақомоти таҳқиқу тафтиш 3194 нафар ва аз ҷониби судҳо нисбат ба 1735 нафар қонуни авф татбиқ гардидааст.

Март 19, 2012 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд