Автомобил барои паҳлавонон
Душанбе, 6 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бобати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни фархундаи Наврӯз соати 14.00 23 марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт чун анъана мусобиқаи гӯштини миллӣ ташкил карда мешавад. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ муваззаф гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ, хусусан Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур ҳамкориро ба роҳ монанд. Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ бо мақсади рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба истиқболи Наврӯз гузаронида мешавад. Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки беҳтарин гӯштингирон ва паҳлавононро тӯҳфаҳои арзишманд, хусусан автомобили сабукрави тамғаи хориҷӣ, ки аз фонди захиравии Президенти кишвар ҷудо гардидааст, интизор аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






