Аввалин намоишгоҳи занона
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар арафаи Рӯзи байналмилалии 8 март ва Рӯзи Модар дар Коллеҷи ҷумҳуриявии бадеии ба номи М.Олимов аввалин намоишгоҳи интернатсионалии занонаи бадеӣ баргузор гардид. Намояндагони ҷинси латифи наслу синнашон гуногун асарҳои худро ба маърази намоиш гузоштанд. Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи намоишгоҳ директори коллеҷ Бахтиёр Одинаев, Рассоми мардумии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев, омӯзгори коллеҷ Манзура Ӯлҷабоева, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, профессор Раҷабмад Амиров сухан карданд.Муаллимони коллеҷ Зинаида Ким, Светлана Ли, Умеда Дорошева, Наргис Носирова, Виктория Эверт, Лутфия Ҳакимова, рассоми шинохтаи Тоҷикистон Меҳри Носирова, ҳамчунин муаллимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон асарҳои худро намоиш доданд.Намоишгоҳ то охири моҳи март идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






