Ба дави Наврӯзӣ омода бошед!
Душанбе, 2 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу идона истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз 17 марти соли равон аз соати 9 то 11 дар пойтахт мусобиқаи «Дави Наврӯзӣ» ташкил карда мешавад. Дар ин бора раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба имзо расонд. Ҳадаф аз баргузории ин навъи варзиш дар остонаи ҷашни фархундапайи Наврӯз ташвиқу тарғиби ҳаракати варзишӣ, рушди ин соҳа ва ҷалби ҷавонон ба варзиш аст,- мегӯяд Дилшод Қурбонов, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Душанбе. «Дави Наврӯзӣ» аз қароргоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардида, дар маҳалли «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба анҷом мерасад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани он нақшаи чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе тасдиқ шуда, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи пойтахт вазифадор гардидаанд, ки тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон дар асоси банди чори қарори мазкур аз роҳбарони вазорату кумитаҳо, мақомоти давлатӣ, мактабҳои олӣ, корхонаю ташкилот хоҳиш шудааст, ки барои ташвиқу ҳидоят ва таъмини иштироки кормандон, коллективҳои меҳнатӣ ва донишҷӯён дар чорабинии варзишии «Дави Наврӯзӣ» саҳм гузоранд, зеро оммавӣ гардонидани варзиш ба солимии ҷомеа мусоидат менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






