Ба яғмо рафтани нуқраҳои ҳамён

Март 14, 2012 15:17

Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Назрулло Асозода).- Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 8 марти соли 2012 аризаи шаҳрванд Лаврусев Сергей (соли таваллудаш 1946, сокини гузаргоҳи 4-уми кӯчаи Қарабоев, соҳибкор) ворид гардидааст. 26 феврали соли 2012 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи савдояш, воқеъ дар бозори назди роҳи оҳан, ҳамёнашро, ки дар дохилаш 25 адад ангуштарини нуқрагини мардона, 10 адад овезаи нуқрагин, 5 адад гарданбанди нуқрагин, 60 адад тангаи нуқрагинро, ки ҷамъан , ба маблағи умумии 6000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Маҳмудов Умар Исмонович (соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Улуғбек, бекор) дастгир шудааст. Далелҳои шайъӣ гирифта шудаанд.

Март 14, 2012 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад