Бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар
Файзобод, 7 март. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Рӯзи 7 март дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод вохӯрии занону духтарон ва собиқадорони меҳнат бо кормандони мақомоти ноҳия баргузор гардид. Раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов бонувони ноҳияро бо Рӯзи Модар табрик карда, ба ифтихори ин ҷашн ба занони пешқадам тӯҳфаҳо тақдим намуд.Таҷлили Рӯзи Модар дар НурободНуробод, 7 март. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Имрӯзҳо ба муносибати Иди Модар дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар маросимҳои ҷашнӣ доир гашта истодаанд. Тавре ки раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёҳмардов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳия бахшида ба ин рӯзи фархунда ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид.Сайдамир Сиёҳмардов афзуд, ки дар ин рӯз хотири бонувони соҳибэҳтиром, собиқадорони меҳнат ва ҷавонзанону духтаронеро, ки дар пешрафти иҷтимоию иқтисодии ноҳия саҳмгузоранд, дастаи ҳунарию фарҳангии ноҳия шод гардонид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






