Бахшида ба «Рӯзи Модар»
Хоруғ, 5 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Сано» дар ҳамкорӣ бо роҳбарони форуми хонандагони мактаби № 8 — уми шаҳри Хоруғ бахшида ба «Рӯзи Модар» чорабинии идона баргузор шуд.Дар баргузории ин барномаи фароғатию маърифатӣ занони фаъоли маҳаллаи Хоруғи Боло низ нақши назаррас гузоштанд. Мудири кӯдакистони рақами 3 – уми шаҳри Хоруғ Гулбахт Ғалчабекова иброз дошт, ки Зан — Модар ситораи дурахшони рӯи олам аст, ки бо шуои худ зиндагии ҳамаи моро рӯшанӣ мебахшад.Дар ҷараёни ин чорабинӣ толибилмони мактаби рақами 3 аз ашъори адибони классикии форсу тоҷик порчаҳоро дар васфи Зан – Модар қироат карданд. Ҳамчунин ҷавондухтарони маҳаллаи Тирчид либосҳои миллии бадахшониро ба маърази намоиш гузоштанд.Дар фарҷоми ин чорабинӣ барои болидагии хотири иштирокдорон дастагули мусиқӣ тақдим гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






