Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Австрия

Март 27, 2012 08:38

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер барқияи шодбошӣ ирсол кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби Олӣ, Бо камоли масаррат Шуморо ба муносибати фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия сидқан табрику таҳният мегӯям. Тайи солҳои аз ин санаи хотирмон сипаришуда байни кишварҳои ба ҳам дӯсти мо дар пояи ҳусни тафоҳум, сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобила равобити дар воқеъ ҳам ҳасанаи сифатан нави байнидавлатӣ ташаккул ёфта,ба сатҳи назаррас расидаанд. Боиси қаноатмандист, ки имрӯз бар асари саъйю талошҳои муштарак муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Австрия фарогири соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо буда, масири густариши зина ба зинаро касб кардаанд. Итминони комил дорам, ки татбиқи пайгиронаи тавофуқоти дар рафти сафари расмии инҷониб ба кишвари дилпазири Шумо ҳосилшуда ба таъмини сатҳ ва мазмуни нави муносиботи гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Австрия мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард. Бо таманнои саодату хушрӯзиҳои минбаъда ва комёбиҳои рӯзафзун ба аҳли ҷомеаи Австрия сарфарозам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дастовардҳои нав ба нав дар фаъолиятатон орзу намоям”.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 27, 2012 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд