Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳорст Зееҳофер

Март 9, 2012 08:30

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Бундесрати Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Федеролии Олмон Ҳорст Зееҳофер барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:  «Ҷаноби Олӣ, Ба муносибати фаро расидани бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон сарфарозам ба Шумо табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам. Мо кишвари Олмонро шарики дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва дастгириву мусоидати пайвастаи онро дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамоем. Бист сол муқаддам кишварҳои мо дар шароити барои Тоҷикистон нави истиқолияти миллӣ муносибатҳои байнидавлатиашонро ба роҳ монда, барои ҳамшарикии васеи худ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Боиси қаноатмандист, ки тайи ин муддат доираи равобити дӯстӣ ва гуногунмазмуни байни Тоҷикистон ва Олмон дар ҳамаи бахшҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн зина ба зина густариш ёфта, имрӯз фарогири ҳамкориҳо дар соҳаи рушди устувор мебошад. Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша хоҳони маҳз чунин сатҳу ҷараёни инкишофи муносиботи ҳасана бо кишвари Олмони мутараққӣ мебошад ва омода аст, ки баҳри таҳкими онҳо дар минбаъда ҳам кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ диҳад. Изҳори итминон менамоям, ки саъй ва талошҳои муштарак ҷиҳати татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки дар рафти сафари тозаанҷомёфтаи инҷониб ба кишвари зебоманзари Шумо ба даст омадаанд, ба ин раванд мусоидати арзишманд хоҳад кард. Бо камоли масаррат ба Шумо сиҳатии бардавом, бахту иқбол ва дастовардҳои нав ба нав дар фаъолияташон, ҳамчунин ба мардуми дӯсти Олмон пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно дорам”.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 9, 2012 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!