Барномаҳо бояд татбиқ шаванд
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сокинони ноҳияи Қумсангир ҳанӯз солҳои 20 –уми қарни гузашта аз минтақаҳои Суғду Бадахшон ва Кӯлобу Рашт кӯчида омада, дар ободии ин диёр саҳми назаррас гузоштаанд. Аммо боиси таассуф аст, ки тӯли 90 сол (70 соли даврони шӯравӣ ва 20 соли истиқлолият) ҷомеаи шаҳрвандӣ танҳо дар маркази ноҳия рушд карда, мардуми деҳоти он то имрӯз бо қолабҳои хурофотӣ зиндагӣ доранд,- мегӯяд раиси Ҳ Х Д Т дар ноҳияи Қумсангир Хушрафтор Латифова. — Бо вуҷуди он ки Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Барномаи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2020» ва боз чандин барномаҳо рӯи кор омада, вале мутаассифона, ҳанӯз ҳам расму оинҳои хурофотӣ нисбат ба занон чандон тағйир наёфтаанд. Аз ҷумла духтарони деҳот ба мактаб фаро гирифта намешаванд ва падару модарон ба мактабхонии онҳо монеа мешаванд.Ба гуфти Х. Латифова, агар ҳар бонуи узви ҲХДТ, ки теъдодашон дар ноҳия беш аз 900 нафарро ташкил медиҳад, моҳе ду нафар духтари деҳотиро аз тариқи тарғибу ташвиқ ба таҳсил даъват намояд, ҳам қолабҳои кӯҳнаи хурофотӣ шикаста мешаванд ва ҳам бесавод мондани духтарон пешгирӣ шуда, барномаҳои қабулшуда низ амалӣ мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






