Барномаи рушди ХМК
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Мавзӯи конфронси ҷумҳуриявӣ, ки 13 март дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тарҳрезии «Барномаи рушди соҳаи манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015» буд. Дар кори конфронс мушовири калони Президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Бӯриев, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «ХМК» Алимурод Тағоймуродов, роҳбари намояндагии Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа дар Тоҷикистон Улф Ҳиндстром, директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ Ҷефри Леҳрер, ҳамчунин намояндагони бархе вазорату идораҳои манфиатдори кишвар иштирок намуданд.Неъматҷон Бӯриев зимни суханрониаш дар ҳузури иштирокдорони конфронс гуфт, ки мақсади асосии Барномаи рушди соҳаи манзилию коммуналӣ барои солҳои 2013 – 2015 дар Тоҷикистон иборат аз беҳдошти инфрасохтори соҳа, нерӯи кадрҳо ва ҷиҳатҳои хизматрасонии коммуналӣ мебошад. Ба иштирокдорони конфронс мавзӯи «Дар бораи тарҳрезии Барномаи рушди соҳаи манзилию коммуналӣ барои солҳои 2013 – 2015 муаррифӣ карда шуд, ки дар ҷараёни он директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «ХМК» Алимурод Тағоймуродов аз мақсаду вазифаҳои барнома ва натиҷаҳои дилхоҳ нақл кард.Аз рӯи натиҷаи конфронс қатъномаи дахлдор қабул шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






