Барномаи тарбияи ҳарбию ватанпарастии наврасону ҷавонон тасдиқ шуд

Март 3, 2012 11:25

Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 28 – феврали соли равон зери сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, барномаи «Тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ ва варзиши ҳарбию амалии наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2015» тасдиқ гардид. Дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо ин гуна барнома бори нахуст таҳия ва тасдиқ шуд, ки ба навъи худ рухдоди пураҳамият ва муҳим ба шумор меравад. Барномаи мазкурро Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ таҳия намуда, бо мақомоти дахлдори давлатӣ мувофиқа сохта, барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намуда буд.Ҳадафи барнома ба низоми муайян ва пурсамар ворид намудани маҷмӯи чорабиниҳои марбут ба тарбияи ҳарбию ватандӯстии наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ, такон бахшидан ба рушду нумуи намудҳои ҳарбию амалии варзиш мебошад. Сохтмону навсозии иншооти варзишӣ, дастрас ва харидани воситаҳои техникии варзишӣ, инчунин баргузории мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявии гуногун аз рӯи намудҳои ҳарбию амалии варзиш, барпо намудани чорабиниҳои зиёди тарғиботӣ, эълону баргузор кардани озмунҳои таблиғи ормонҳои ватанхоҳӣ миёни рӯзноманигорону нависандагон ва аҳли ҳунар аз ҷумлаи чорабиниҳои асосие мебошанд, ки давоми солҳои 2012 – 2015 амалӣ хоҳанд гардид.Бо итминон метавон гуфт, ки татбиқи муқаррароти барнома қадами ҷиддӣ ва устуворе хоҳад буд, ки раванди корҳои тарбияи ҳарбию ватандӯстиро ба зинаи сифатан тозаи пешрафт бароварда, уфуқи наверо дар ин самт боз хоҳад намуд.

Март 3, 2012 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад