Баррасии буҷаи соли 2013 ва Кодекси нави андоз дар нишасти иқтисодӣ
Душанбе, 6 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Барномаи мустаҳкам намудани таркиби идоракунӣ ва вазифаҳои назорати татбиқи он»- таҳти чунин унвон 6 март дар парлумони ҷумҳурӣ нишаст баргузор гардид, ки дар он вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат ва намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ширкат доштанд. Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки нишасти мазкур бо мақсади баланд бардоштани мақоми Парлумон дар ҷараёни буҷавӣ пешбинӣ шудааст. Мавсуф афзуд, ки ҳамкории парлумони Тоҷикистон бо вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ омили беҳтар ба роҳ мондани корҳо дар заминаи таҳияи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонуну санадҳои марбут ба буҷа ба шумор меравад. Яна Кунисова, мутахассиси Бонки Ҷаҳонӣ, ки ҳамзамон роҳбари «Барномаи мустаҳкам намудани таркиби идора ва вазифаҳои назорати татбиқи он» аст, гуфт: барномаи мазкур 17 лоиҳаро дар тамоми ҷаҳон татбиқ менамояд. Кунисова баргузории чунин нишастҳоро дар мавриди фароҳам овардани шароит ҷиҳати идораи молиявии давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва воридшавӣ ба иқтисоди ҷаҳони муосир, омӯзиш ва мутобиқсозии қонунҳои соҳаи иқтисодиёт муҳим арзёбӣ кард. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар нишаст масъалаҳои таҳвили буҷа ва идораи рукнҳои давлатӣ вобаста ба иқтисод ва молия мавриди баҳс қарор гирифтанд. Иштирокчиёни нишаст ҳамзамон ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои байналмилалӣ ва таҳияи Кодекси нави андози ҷумҳурӣ, ки дар ҷараёни идораи рукнҳои молияи давлатӣ нақши муассир мегузоранд, табодули назар карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






