Баррасии дастовардҳои сад соли матбуоти тоҷик
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба 100- солагии матбуоти тоҷик имрӯз дар Душанбе бо иштироки вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ва аҳли илму адаб мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он мутахассисон ва олимон андешаҳояшонро перомуни паҳлӯҳои мухталифи соҳа иброз дошта, зикр намуданд, ки дастовардҳои садсола бо заҳмату ҷасорати собиқадорони матбуот, зиёиёни номӣ ва насли ҷасури рӯзноманигорони даврони Истиқлолият торафт пойдор мегарданд. Мирзошоҳрух Асрорӣ аҳли қаламро бо иди касбӣ табрик намуда гуфт: «васоити ахбори омма авзои ҳар як ҷомеаро ифода карда, ба доираи васеи мардум имконият медиҳад, ки ҷараёнҳои тунду тези ҳаёти башарро дарк кунанд ва дар маҷмӯъ, манфиатҳои миллии хешро дар раванди талошҳои геополитикӣ эҳсос ва ҳимоя намоянд.Дар замони нав масъалаҳои бисёр умдае дар пеши рӯзноманигорон гузошта шудаанд, ки яке аз ин масъалаҳо риояи одоби журналистӣ мебошад, зеро дар ин ҷода ҳаёт собит сохтааст, ки матбуот, ки бо шуур ва тафаккури инсон сару кор дорад, қодир аст бо як сухани ботаҳаммули созанада ва умедбахш давлатро ободу миллатро осуда ва ё бо як андешаи ботил ҳама чизро барбод диҳад». Санаи оғози матбуоти тоҷик мувофиқи анъана рӯзи интишори аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» дониста шудааст. Бо ин мақсад дар чорабинии мазкур намунаи ин рӯзнома, ки аз чор саҳифа иборат буд, ба маърази тамошои иштирокчиён гузошта шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






