Баррасии масоили омодагӣ ба баргузории 5-умин Конфронси минтақавӣ
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов доир ба баррасии масоили омодагӣ ба баргузории 5-умин Конфронси минтақавии иқтисодии Афғонистон дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор шуд. Тавре ки дар ҷаласа таъкид шуд, конфронс бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон баргузор гардида, дар кори он иштироки ҳайати намояндагон аз 35 давлати ҷаҳон ва беш аз 25 ташкилоту созмони минтақавию байналмиллалӣ дар назар дошта шудааст. Дар конфронс асосан баррасии лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоии байнидавлатию минтақавӣ дар соҳаҳои сохтмони роҳҳо, хатҳои интиқоли барқу газ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва масоили марбут ба соҳаи илму маориф пешбинӣ шудааст. Оқил Оқилов таъкид кард, ки дар доираи баргузории 5-умин Конфронси минтақавии иқтисодии Афғонистон, ҳамзамон анҷумани тоҷирону соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон, инчунин симпозиуми илмию мизҳои муддавар доир мешаванд. Баргузории конфронс имконияти васеи рушди муносибатҳои давлатҳоро дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб афзалиятнок фароҳам хоҳад овард, таъкид кард Оқил Оқилов ва ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабиниҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






