Баёнияи Наврӯз — 2012

Март 25, 2012 12:45

25 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон сеюмин таҷлили Рӯзи Байналмилалии Наврӯз бо иштироки сарони кишварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, муовини Раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон, муовини сарвазири Туркманистон, муовини сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон, муовини раиси ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Хитой, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, Котиби Генералии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон, Фиристодаи махсуси Сарвазири Ҳиндустон, сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони дигар кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Тантанаҳои таҷлили Рӯзи Байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои башардӯстонаи ин ҷашни бостонӣ, бо паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони он — намояндагони халқхое, ки дар фазои ягонаи тамаддун ва фарҳанги Наврӯз қарор доранд, ифтитоҳ гардид. Президентҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунанда дар суханрониҳои хеш бо арзи сипос аз иқдомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати баргузории ҷашнҳои якум ва дуюми Рӯзи Байналмилалии Наврӯз, зарурати истифодаи зарфиятҳои ин ҷашни бостониро дар тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд, таҳкими якдилии халқҳо ва кишварҳое, ки аз ин Рӯз ҳамчун мероси фарҳангии муштарак аҷргузорӣ менамоянд, таъкид намуданд. Дар доираи сеюмин ҷашни Рӯзи Байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барномаҳои гуногуни фарҳангӣ таҳти шиори «Наврӯз- ҳамбастагии маънавии халқҳо ба хотири фардои дурахшон» баргузор гардиданд. Ширкаткунандагони тантанаҳо бо аҷргузорӣ ба ташаббуси Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Туркия ва дастгирии дигар кишварҳо дар мавриди ба иди Наврӯз додани мақоми байналмилалӣ, баёнияи муштараки зеринро қабул намуданд: 1.Аз қарори Маҷмааи Умумии СММ A\RES\64\253 аз 18 феврали соли 2010 ҷиҳати эълон намудани 21-март ба унвони Рӯзи Байналмилалии Наврӯз қадрдонӣ менамоянд; 2.Аз ташаббуси ЮНЕСКО дар мавриди таҷлили Наврӯз қадрдонӣ намуда, зарурати эҷоди василаи муносибро ҷиҳати истифодаи беҳтар ва хубтар аз дастовардҳои илмию фарҳангии ин созмони байналмилалӣ дар таҳияи заминаҳои фарҳангӣ, ки барои таҳкиму тавсеаи робитаҳои байни халқҳо заруранд, таъкид менамоянд; 3. Ташаббуси Ҷумҳурии Исломии Эронро ҷиҳати баргузории “Ҳамоиши байналмилалии саромадони Наврӯз» дар шаҳри Теҳрон дар соли гузашта бо қаноатмандӣ таъкид намуда, бо мақсади ҳифз намудан ва таҳкими мероси фарҳангӣ ва оинҳои Наврӯз, аз созмон додани гурӯҳ барои таҳияи «Санади умумиҷаҳонии Наврӯз»пуштибонӣ менамоянд; 4. Ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва муассисаи фарҳангии он пешниҳод мекунанд, ки доир ба иқдомоти худ ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ ҳамасола гузориш таҳия намуда минбаъд онро ба ҷашни навбатии Рӯзи Байналмилалии Наврӯз манзур намоянд; 5.Ширкаткунандагони сеюмин ҷашни Рӯзи Байналмилалии Наврӯз ба мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории муваффақонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз миннатдории самимонаи худро баён карданд; 6. Ширкаткунандагон пешниҳоди Туркманистонро ҷиҳати баргузории ҷашни навбатии Рӯзи Байналмиллалии Наврӯз дар моҳи марти соли 2013 дар шаҳри Ашқобод бо хушнудӣ ва мувофиқат пазируфтанд. ш. Душанбе 25 марти 2012

Март 25, 2012 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид