Беҳтарин шаҳри Суғд кадом аст?
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Қарори Раиси вилояти Суғд дар бараи баргузор намудани озмуни «Шаҳри (ноҳияи) беҳтарин» дар давоми моҳҳои март- октябри соли равон дар вилоят бахшида ба 20 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2012 ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур ҳайати ҳакамон ва низомномаи озмун тасдиқ шуда, ҳайат вазифадор шуд, ки барои дар сатҳи баланд доир сохтани ин тадбир, ҷалби корхонаву ташкилот ва шаҳрвандон ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, таъмиру тармими манзилу хиёбон ва роҳҳо тадбирҳои амалӣ андешанд. Ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки барои ғолибони ҷои якум 30 ҳазор сомонӣ, барои ҷои дуввум 20 ҳазор сомонӣ ва барои ҷои сеюм 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар карда шуд. Аз рӯи иттилои манбаъ, ҷамъбасти озмун дар арафаи 20- солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Шӯрои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






