Бист соли муносибатҳои дипломатӣ
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Моҳи июни соли ҷорӣ ба барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 20 сол пур мешавад.Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрии сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҳина Раббонӣ Кҳар масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳарду ҷониб зарурати ба имзо расидани шартномаи транзитии сеҷониба миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон, ташкили хати парвози мустақим байни Тоҷикистону Покистон ва ифтитоҳи бахши Бонки миллии Покистон дар шаҳри Душанбе ва иштироки як ҳайати баландпояи покистонӣ дар кори Конфронси RECCA-V ва дигар ҷанбаҳои ҳамкориро муҳокима намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






