Боғҳои шаҳр-муассисаҳои давлатӣ
Душанбе, 9 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Устод Рӯдакӣ, С. Айнӣ ва Дӯстии халқҳо ба муассисаҳои давлатӣ табдил дода шуда, тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар барои ворид шудан ба онҳо истифодаи чиптаҳои пулакӣ ҷорӣ мешавад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе матраҳ гардид. Дар робита ба ин масъала раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулин дастур дод, ки зимни анҷоми корҳои ободонӣ доир ба истифодаи таъинотии боғҳо ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии муштариён дар муддати як моҳ масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, ба унвонии раиси шаҳр пешниҳод ироа созанд. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Пойгаи равон 27 марти соли 2012 дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ташкил карда мешавад ва чиптаи воридшавӣ ба он бо арзиши 5 сомонӣ роҳандозӣ мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






