Боғчаи бачагона дар Амондара
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар» Покиза Махмадбекова). — Дар шаҳру деҳоти Панҷакент 17 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки 12-тои он тобеи шӯъбаи маорифи шаҳр мебошад. Муассисаҳои томактабии шаҳру деҳот зиёда аз 2746 нафар кӯдакро фаро гирифтааст. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, омодагии кӯдакон ба мактаб, пайдо намудани завқи баланд, дунёи рангин ва ахлоқи намунавӣ аз ҷониби сокини деҳаи Амондара Аваз Сафаров дар бинои собиқ идораи хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсӣ муассисаи томактабӣ бунёд мегардад. Ба иттилои манбаъ, дар таъмиру тармими бинои ин муассиса дар ҳудуди ҷамоати деҳот то имрӯз ба маблағи зиёда аз 55 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расидааст. Бояд гуфт, ки ҷамоати деҳоти Амондара дорои 13700 нафар аҳолист ва дар ҳудуди он муассисаи томактабӣ вуҷуд надорад. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот дар айни ҳол кӯдакони то 6 сола 2511 нафарро ташкил медиҳанд. Дар назар аст, ки боғчаи кӯдакон «Таманно» номгузорӣ шуда, то 1 майи соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад ва дар навбати аввал 60 нафар кӯдакро фаро хоҳад гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






