Боғи миллӣ дар Фархор
Фархор, 13 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғутокпарварӣ то соли 2014» дар кулли ноҳияҳои кишвар зина ба зина амалӣ мегардад ва дар заминаи татбиқи босуботи он бахшида ба 20-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар ҳудуди 30 гектар Боғи миллӣ бунёд намуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Фархор тамоми кормандони ташкилоту идора, муассисаҳои таълимӣ ва 10 ҷамоати деҳоти ноҳия дар заминҳои барои онҳо ҷудошуда зиёда аз 20 намуди ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда шинониданд. Бояд ёдовар шуд, ки сокинони ноҳияи мазкур ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ зиёда аз 18 ҳазор ниҳоли гуногуни мевадиҳандаро, ки аз вилояти Суғд дастрас гардида буданд, дар Боғи миллӣ ва дигар боғу майдонҳои ба боғдорӣ мувофиқ шинониданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






