Бохти Ӯзбекистон аз Уммон
Душанбе, 30 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаи мунтахаби олимпии Ӯзбекистон дар дидори охирини худ дар қораи Осиё барои ноил шудан ба роҳхат ба бозиҳои олимпии Лондон 2012 бенасиб монд. Ин дастаро тими мунтахаби олимпии Уммон бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дода бо 4 имтиёз ба бозӣ бо намояндаи қитъаи Африқо- дастаи Сенегал суъуд кард. Вохӯрӣ рӯзи 23 апрел баргузор мегардад. Ёдрас мешавем, ки шарафи қораи Осиёро дар Бозиҳои олимпии Лондон дастаҳои Куриёи Ҷанубӣ, Амороти Муттахидаи Араб ва Ҷопон ҳимоя мекунанд. Дар сурати ғалаба бар Сенегал шумораи намояндагони Осиё зиёд хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






