Боксчиёни тоҷик ба Алмаато сафар мекунанд
Душанбе, 29 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Тими мунтахаби кишварамон доир ба бокс барои ширкат дар машғулиятҳои таълимию варзишӣ ва мусобиқаи ҳирфаии Осиё ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар кард. Баъди 10-рўзи машғулиятҳо ҳайати дастаи Тоҷикистон, ки 9-нафарро ташкил медиҳад, барои ноил шудан ба роҳхати олимпӣ имконияти хуб доранд. Ҳайати тими кишварро варзишгарони зерин ташкил медиҳад: дар вазни 49 кг- Асрор Воҳидов, 52 кг- Юсуфи Сафовуддин, 60 кг- Мадади Нағзибек, 64- кг Назир Пираков, 69 кг- Умар Мақсудов, 75 кг- Собир Назаров, 81 кг- Ҷаҳон Қурбонов, 91 кг- Диловар Абдураҳмонов ва дар вазни мутлақ Меҳроҷ Каримов. Мусобиқа аз таърихи 4-ум то 13-уми апрел дар шаҳри Алмаато баргузор хоҳад шуд. Дар баъзе вазнҳо барандагони зинаҳои аввал ва дар вазнхои дигар барандагони ҷойҳои дуюм ва сеюм имкон доранд, то роҳхати Бозиҳои Олимпии соли 2012-ро ба даст оранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






