«Бомж»- ҳо: аз зиндагӣ гила надорем
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» (соли 2008), дар назди шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо шӯъбаи хизматрасонии вижаи иҷтимоӣ амал мекард ва ба шаҳрвандоне, ки зиндагиашон душвор буду худ имкони бартарафсозии онро надоштанд, кӯмак мерасонид. Ин қонун дар баробари маъюбон, одамони бесаробон, ашхоси яккаву танҳо, ҳамчунин ба онҳое, ки ҷойи муйяни зист надоранд, яъне «бомж»ҳо низ кӯмак расониданро пешбинӣ намудааст.Як гурӯҳи 10 нафараи ҷойи муайяни зист надошта «бомж» -ҳо зимистони соли 2012 –ро дар болои ду қубури хати оби гарм, ки аз пушти бинои 45 –и кӯчаи Шевченко мегузарад, баҳор карданд. Ягон нафари ин гурӯҳ ҳатто ба бемории зуком ҳам гирифтор нашудааст. Чун офтоб фурӯ мерафт, гурӯҳи даҳнафараи «бомж» — ҳо болои ин ду қубур, ки барояшон меҳмонсаройро мемонд, ҷамъ омада сигор дуд дода сӯҳбат мекарданд, сӯҳбаташон ханда ҳам дошт. Ҳамсояҳои сарпаноҳдоштаашон онҳоро «бомж» -ҳои бофарҳанг мехонанд. Яке аз ин «бомж»-ҳо, ки сардори гурӯҳ асту худро Ҷембой муаррифӣ намуд, зиндагӣ карданро дар бошишгоҳи Вазорати меҳнат рад карда, иброз дошт, ки мо 10 сол боз озодона зиндагӣ дорем, агар ба зиндагии мо халал нарасонанд, боз кӣ медонад, чанд соли дигар ҳам зиндагӣ мекунем. — Мо ба ин тарзи зиндагӣ одат кардаем ва аз он гила надорем, агар гоҳ- гоҳ аз ҳоламон бохабар шуда истанд, розием, мо хеле осудаем, ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки ба зиндагиамон халал намерасонанд,-афзуд дар охири сӯҳбат Ҷембой.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






