Боришоти барфи ғайримуқаррарӣ
Душанбе, 19 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Боришоти барф, ки дар ҷумҳурӣ аз соати 2.00-и шаби 19 март сурат гирифт, дар зарфи 80 соли охир дар Тоҷикистон ғайримуқаррарӣ буда, баландии он беш аз 20 сантиметрро ташкил медиҳад», мегӯяд Парвина Саидҷамолова, мудири шӯъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар. Мавсуф гуфт, ки бо ворид шудани ҳавои намнок ва сарди атлантикӣ бо фишори баланд аз ғарби кишвар ҳаво тағйир ёфта, дар ҷумҳурӣ борон борид ва баъдан он ба барф мубаддал гардид. Вобаста ба боришоти барф дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Бадахшон хавфи фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои ҷумҳурӣ яхбандӣ ба амал меояд. Дар ин муддат ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона 5-7 дараҷа хунук, рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард, рӯзона 2-4 дараҷа гарм, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон /ВМКБ/ шабона 7-12, рӯзона 3-5 дараҷа хунук мешавад. Дар Шарқи ВМКБ шабона 11-12 ва рӯзона 2-7 дарҷа сард мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 1-3 дараҷа гарм, дар пойтахти ҷумҳурӣ -Душанбе ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад. Мутахассиси бахши ҳавошиносии кишвар меафзояд, ки боришоти барф 20 март қатъ гардида, рӯзҳои 21 -24 март ҳаво дар ҷумҳурӣ бебориш боқӣ мемонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






