Боз як сомонаи тоҷикӣ роҳандозӣ шуд
Душанбе, 2 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сомонаи шахсии доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ,раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО ба нишонии http://ayyoobi.com бо хати сириллики тоҷикӣ роҳандозӣ шуд. Дар сомона ахбор, гузориш ва мақолаҳои марбут ба ЭКО, Тоҷикистон ва ҳавзаи адабу ҳунар, ки барои хонандагони тоҷик муфид ва судманд аст, ба тоҷикӣ баргардон шудаанд. Аз ҷумла, хабарҳо бо унвонҳои муқаддимаи доктор Аюбӣ бар китоби «Насиме аз Бухоро»(ашъори Устод Рӯдакӣ ба 3 забон ва 4 хат), дидори сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, инчунин шарҳи зиндагӣ, фаъолият, осор, мусоҳиба, хотирот, ва гуфтугӯҳои доктор Аюбӣ, мақолот ва гузоришоти мусаввар бо забонҳои форсӣ,англисӣ ва тоҷикӣ ҷой дода шудаанд. Масъулияти бахши сириллики тоҷикии сомонаи мазкурро Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси фарҳангии умури Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО ба ӯҳда дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






