Боздиди ҲХДТ аз ДСРТ
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Ба ифтихори идҳои пешорӯ — Рӯзи байналмилалии 8 март ва Наврӯз дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон мулоқоти профессорону омӯзгорон бо намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлисро муовини ректор оид ба корҳои илмии ДСРТ Хусрав Шанбезода ифтитоҳ намуд. Мудири шӯъбаи ташкилии ҲХДТ Расул Расулов, мудири шӯъбаи байналмилалӣ Мӯсо Асозода, намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе Умринисо Қазоқова зимни суханрониашон мақоми занони Тоҷикистонро дар рушди фарҳанг ва тамаддуни ҷомеаи имрӯза зикр карданд. Дар чаҳорчӯбаи ин чорабинӣ ба муаллимону донишҷӯёне, ки ба сафҳои ҲХДТ дохил шуданд, билетҳои узвият супурда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






