Боздиди Шабистарӣ аз бузургтарин махзани илм
Душанбе, 28 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Китобхонаи миллии Тоҷикистон боҳашамат буда ва аз ҷиҳати тарзи коргузорию хизматрасонӣ ганҷинаи бузургу беназирест барои форсизабонҳо». Ин нуктаро Алиасғар Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон дар маросими эҳдои адабиёти гуногун ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 28 март зикр намуд. Шабистарӣ, ки нахустин сафири Эрон дар Тоҷикистон буд, доир ба равобити илмию фарҳангии ду кишвари ҳамзабон табодули назар намуда, дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистонро дар зарфи 20 соли охир комёбиҳои бузург арзёбӣ кард. Дар мулоқоти Шабистарӣ бо директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимзода ва кормандони он масъалаи тавсеаи равобити илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гарид. Зикр шуд, ки китоб меҳвари тамаддуни башарист ва дар оянда дар доираи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Эрон робитаҳо устувортар гардида, бобати табодули таҷрибаи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, хусусан омӯзиши таҷрибаи китобдорӣ дар Эрон тадбирҳо андешида мешаванд. 200 адад китоб, ки аз ҷониби Анҷумани дӯстию фарҳангии Эрону Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид, асарҳои илмию бадеӣ ва таърихианд. Дар маҷмӯъ Анҷумани мазкур дар рӯзҳои наздик беш аз 20 ҳазор китоби гуногунро ба махзани илму маърифат –Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим менамояд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






