Боздиди Шабистарӣ аз бузургтарин махзани илм

Март 28, 2012 17:19

Душанбе, 28 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Китобхонаи миллии Тоҷикистон боҳашамат буда ва аз ҷиҳати тарзи коргузорию хизматрасонӣ ганҷинаи бузургу беназирест барои форсизабонҳо». Ин нуктаро Алиасғар Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон дар маросими эҳдои адабиёти гуногун ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 28 март зикр намуд.  Шабистарӣ, ки нахустин сафири Эрон дар Тоҷикистон буд, доир ба равобити илмию фарҳангии ду кишвари ҳамзабон табодули назар намуда, дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистонро дар зарфи 20 соли охир комёбиҳои бузург арзёбӣ кард. Дар мулоқоти Шабистарӣ бо директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимзода ва кормандони он масъалаи тавсеаи равобити илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гарид. Зикр шуд, ки китоб меҳвари тамаддуни башарист ва дар оянда дар доираи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Эрон робитаҳо устувортар гардида, бобати табодули таҷрибаи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, хусусан омӯзиши таҷрибаи китобдорӣ дар Эрон тадбирҳо андешида мешаванд. 200 адад китоб, ки аз ҷониби Анҷумани дӯстию фарҳангии Эрону Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид, асарҳои илмию бадеӣ ва таърихианд. Дар маҷмӯъ Анҷумани мазкур дар рӯзҳои наздик беш аз 20 ҳазор китоби гуногунро ба махзани илму маърифат –Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим менамояд.

Март 28, 2012 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд