Бозори сарҳадӣ дар Панҷакент
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар рӯзҳои таҷлили иди байналмилалии Наврӯз шодию нишоти сокинони шаҳру деҳоти Панҷакенти бостонӣ дучанд гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ дар ҷамоати деҳоти Саразм, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, «Бозори сарҳадӣ» ба истифода дода шуд. Ба иттилои манбаъ, «Бозори сарҳадӣ» бо маблағгузории барномаи СММ ва Иттифоқи ҷамъияти матлуботи ҷумҳурӣ ба маблағи 200 ҳазор доллари амрикоӣ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин қисми бинои таваллудхонаи марказии шаҳр бо маблағгузории 103 ҳазор доллари ИМА аз тарафи сафорати Ҷопон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






