Бунёди 2 НБО-и хурд дар соли 2012
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №73 аз 2 феврали соли 2009 «Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ доир ба сохтмони НБО-и хурд корҳои муайянро ба сомон расонид. Аз аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 2 адад нерӯгоҳи хурд бо иқтидори аз 7,5 то 30 кВт ба истифода дода шуд, ки иқтидори умумиашон 37,5 кВт-ро ташкил намуда, нерӯгоҳҳои мазкур 54 хоҷагиҳо ва 1 адад корхонаи сохтмониро бо нерӯи барқ таъмин менамояд. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ бо ҷалби сармоягузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки исломии Рушд, Ҳукумати Олмон, Ҷопон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва сармоягузорони ватанӣ сохтмони 7 адад НБО-и хурд бо иқтидори умумии 2044 кВт идома дорад.Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 1 нерӯгоҳи хурд бо иқтидори 100 кВт, дар вилояти Суғд 1 адад бо иқтидори 475 кВт, дар вилояти ВМКБ 2 адад бо иқтидори 135 кВт ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 3 адад бо иқтидори 1334 кВт ба истифода дода мешавад. То имрӯз дар ҷумҳурӣ аз солҳои 1991-2012 ҳамагӣ 267 адад НБО-и хурд бо иқтидори аз 5 то 4300 кВт сохта ба истифода дода шудааст, ки иқтидори умумиашон 23325,1 кВт-ро дар бар мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






