Бунёди боғҳо вусъат меёбад
Фархор, 13 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). –Истифодаи оқилонаи замин ва сари вақт гузаронидани қоидаҳои агротехникӣ имкон фароҳам овард, ки хоҷагидорон кишти маҳсулоти гуногунро аз ҳисоби заминҳои боғҳои навбунёд дуруст роҳандозӣ намуда, сатҳи некӯаҳволии саҳмдоронро беҳтар гардонанд. Аҳли хоҷагии деҳқонии «Абдукарим»-и ноҳияи Фархор дар 2 гектар боғи меваҳои содиротӣ бунёд намуда, дар заминҳои дигари хоҷагӣ ба зироаткориву пахтакорӣ машғул мебошанд. Дар айни замон саҳмдорони хоҷагӣ бо кори тоза ва нарм намудани дарахтони боғи хоҷагӣ машғуланд. Соли ҷорӣ кишоварзони хоҷагӣ бо боғпарварони вилояти Суғд шартномаи ҳамкорӣ баста, ниҳолҳои мевадиҳандаи ба иқлими ноҳия мувофиқро аз он ҷо дастрас намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






