Бунёди боғи сакура дар Душанбе
Душанбе, 24 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Ба муносибати 20-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Япония ва дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бунёди боғи сакура дар назар аст. Аз ин лиҳоз, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония 250 адад ниҳоли 2-метраи сакураро, ки 4 намудро дар бар мегирад, ба Тоҷикистон равона кард. Боиси зикр аст, ки ин гули машҳури миллии японӣ буда, ҳар баҳор вақти шукуфтани он мардуми Япония ба тамошои сакура (ҳанамӣ) мебароянд. Ҳанамӣ – анъанаи японии муҳаббат ба гул аст. Рӯзи шукуфтани сакура ҳамчун рӯзи аввали баҳор ҷашн гирифта мешавад. Гули сакура ранги сафед ё гулобӣ дорад. Сакура рамзи зебоии табиат буда, ифодагари ҷавонӣ ва зебогии зан мебошад. Нақши гули сакура дар рӯи тангаи 100 йенаи Япония тасвир ёфтааст. Ҳамзамон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония 3 навъи дарахти зардолуро аз Тоҷикистон ба Япония ворид намудааст. Дарахтҳои зардолу дар яке аз префектураҳои Япония шинонида шудаанд. Ҳамчунин байни префектураи Япония ва Қурғонтеппа барпо намудани муносибатҳои фарҳангию иқтисодӣ дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






