Чорабиниҳои наврӯзии ҲХДТ идома доранд

Март 28, 2012 13:47

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ гардиданд. Чунончи аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва ташкилотҳои минтақавии он низ дар баргузории ин чорабиниҳо саҳми арзанда гузоштанд. Имрӯз занони фаъоли ҳизбӣ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб бо иқдоми шӯъбаи кор бо ҷавонон ва занони дастгоҳи марказии ҲХДТ тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони Чорбоғ»-и ноҳияи Варзобро аёдат карданд. Мудири шӯъба Адҳам Мирсаидов, мудири бахши кор бо занон Мавлуда Оймаҳмадова, аъзои раёсати ҳизбӣ Меҳринисо Бобобекова ва Садафмоҳ Абдуллоева, фаъолзанони ҳизбӣ Истамой Мадалиева ва Донагул Холова аз шароити зисти кӯдакон, ки маъюбони модарзодӣ мебошанд, хабар гирифта ва барояшон либос, маводи хӯрокӣ ва шириниҳои баҳорӣ тақдим намуданд.

Март 28, 2012 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд