Cомонаҳои интернетӣ дар бораи нарх

Март 28, 2012 09:48

Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сомонаҳои давлатии ФР дар бораи аз 1-уми апрел боло бурдани боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ хабар доданд. Тибқи маълумоти расмии сомонаҳои давлатии ФР меъёри содиротии қимати боҷи гумрукӣ барои ҳамаи шаклҳои маҳсулоти нафтие, ки ба хориҷи кишвар ва давлатҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ содир мешаванд, дар асоси қарори давлатҳои узви ин иттиҳод аз 1 –уми апрели соли ҷорӣ афзоиш меёбад. Дар маълумоти нашри сомонаи расмии ҳукумати ФР гуфта мешавад, ки аз 1-уми апрели соли 2012 дар асоси қарори мазкур боҷи содиротӣ барои 1 тонна сӯзишворӣ (бензин) аз 370 то 414,6 доллари амрикоӣ ва барои 1 тонна маҳсулоти дигари нафтӣ (мазут, солярка, негрол, гидрол ва ғайра) аз 271 то 304 доллари амрикоӣ зиёд мешавад. Моҳи феврали соли ҷорӣ миёни Тоҷикистону ФР доир ба ҳаҷми содироти сӯзишворӣ асноди ҳукуқӣ ба имзо расид, ки тибқи он дар давоми соли 2012 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна сӯзишворӣ интиқол меёбад. Коршиносони Русия афзоиш ёфтани меъёри боҷи гумрукиро доир ба маҳсулоти нафтии ФР пешгӯӣ карда буданд. Ҷумҳурии Қирғизистон бо вуҷуди аъзои Иттиҳоди гумрукӣ набуданаш аз пардохти боҷи гумрукӣ сарфи назар шудааст.

Март 28, 2012 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд