Дар пойтахт нерӯи барқ сарфа мешавад

Март 15, 2012 16:12

Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Рӯзҳои охир сокинони шаҳри Душанбе нерӯи барқро сарфа менамоянд. Масалан, дар давоми шабонарӯзҳои гузашта дар шаҳри Душанбе 11 миллиону 290 ҳазор киловатт – соат нерӯи барқ истифода шуд, ки назар ба шабонарӯзҳои пештара баробари 1 миллиону 525 ҳазор киловатт – соат камтар аст. Ин нишондиҳанда гувоҳӣ медиҳад, ки баъди оғози фасли баҳор сокинони Душанбе нерӯи барқро сарфакорона истифода мебаранд. Дар ин бора роҳбари хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Дар муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба аҳолӣ дар бораи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ зикр шуда буд, ки бинобар моҳи март хеле сард шудани ҳавои Тоҷикистон маҷрои оби дарёи Вахш коҳиш ёфт. Масалан, дар давоми шабонарӯзи аз 13 то 14 март маҷрои оби дарёи Вахш дар як сония 88 метри мукаабро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 61 метри мукааб камтар аст. ШСХК «Барқи тоҷик» умедвор аст, ки ҳарорати ҳаво тадриҷан гарм шуда ва дар натиҷаи ин зарурати гузаштан ба реҷаи махсуси таъмини барқ аз байн меравад. ШСХК «Барқи тоҷик» мизоҷони худро бори дигар хотирнишон месозад, ки омили асосии таъмини мӯътадили энергия истифодаи босарфаи ҳар киловатт — соат нерӯи барқ мебошад.

Март 15, 2012 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд