Дастгоҳи ташхиси томографӣ дар Бадахшон
Хоруғ, 12 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Солҳои охир ба беморхонаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон навтарин дастгоҳҳои ташхисӣ ворид гардиданд. Тавре муовини раиси Раёсати тандурустии вилоят Нуралӣ Додалиев иттилоъ дод, имрӯз қариб аксари беморхонаҳои марказҳои ноҳиявию музофотӣ бо рентген, дастгоҳи УЗИ ва дигар дастгоҳҳои ташхиси узвҳои дохилии инсон таъминанд.Чанде пеш дастгоҳи ташхиси томографӣ, ки навтарин ихтирооти соҳаи тибб аст, вориди вилоят гардид. Ин дастгоҳ қудрат дорад. ки ҳамаи узвҳои инсонро ташхис намуда ва дардро аниқ муайян кунад. Ҳоло чунин дастгоҳ дар беморхонаи марказии вилоятии шаҳри Хоруғ васл карда мешавад. Васли чунин дастгоҳҳо дар беморхонаҳои ноҳияҳо низ дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






