Дастовардҳои олимони тоҷик
Душанбе, 16 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар соли сипаригардида аз рӯи 71 мавзӯи илмиву таҳқиқотии бунёдӣ, 30 мавзӯи амалӣ ва 6 барномаи давлатӣ таҳқиқот гузарониданд, зикр шуд дар маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ 16 март дар шаҳри Душанбе. Мамадшо Илолов, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ доир ба натиҷаҳои асосии илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ ҳисобот дода, зикр кард, ки фаъолияти АИ ҶТ тибқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015» ба роҳ монда шуда, ҷиҳати рушди муассисаҳои илмии кишвар, ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ, ислоҳот дар Академия ива такмили сохтории муассисаҳои илмӣ, омоданамоии кадрҳои баландихтисос ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади гузаштан ба роҳи инноватсионии рушди илм, истифодаи самараноки коркардҳои технологӣ ва ихтироот, татбиқи онҳо дар истеҳсолот дар сохтори АИ ҶТ «Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав» таъсис дода шудааст. Инчунин ҷиҳати мусоидат дар таҳия ва ба нашр омода намудани «Атласи миллии Тоҷикистон» ва гузаронидани таҳқиқоти ҷуғрофӣ дар АИ ҶТ шӯъбаи ҷуғрофия таъсис дода шуд. Мавриди зикр аст, ки соли 2011-ум 60-солагии АИ ҶТ дар сатҳи баланд бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавии ҷашнӣ дар радифи донишмандони тоҷик инчунин 30 меҳмони хориҷӣ аз 10 муассисаи илмии кишварҳои дунё ширкат варзиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






