Даъват ба ҳашари умумишаҳрӣ
Душанбе, 9 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи омодагии пойтахт ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки бобати тозагию ободонии пойтахт то ҷашни Наврӯз рӯзҳои шанбею якшанбе дар тамоми кӯчаю маҳаллаҳо, ташкилоту идораҳое, ки дар ҳудуи пойтахт қарор доранд, дар сатҳи густурда ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуда, ба он донишҷӯёну хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ низ ҷалб мешаванд. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи таъмири роҳҳои пойтахт баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки барои ҳалли масъаали мазкур бояд аз буҷаи пойтахт маблағ ҷудо карда шуда, соҳибкорон низ дар ин кор ҷалб гарданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






