Даъват баҳри ҳамкорӣ
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон ният дорад, ки бо аҳли тиҷорати Тоҷикистон робитаҳои кооператсионӣ ва ҳамкории мутақобилан муфид барқарор намояд. Тавре дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагони дахлдори вилояти Қашқадарё дар ин бора ба ПСС Тоҷикистон иттилоъ додаанд. Вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон дар шимолу шарқи Тоҷикистон бо кишвари мо ҳамсарҳад буда, 2 миллиону 777 ҳазору 800 нафар аҳолӣ дорад. Ба ҳайати вилоят 13 ноҳияи маъмурӣ шомил буда, шаҳри Қаршӣ маркази он мебошад. Дар ин вилоят пахтаи маҳиннах, меваҷот аз қабили хурмо, ангур, анҷир, анор, ҳамчнин сабзавот ва найшакар парвариш мешавад.Содироти асосии вилоят иборат аз нахи пахта, маҳсулоти кимиёӣ, мошину таҷҳизот, маводи ғизоӣ буда, воридоти онро мошину таҷҳизот, фулузоти сиёҳу ранга ва ғайра ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






