Даъвати иҷлосия баъд аз Наврӯз
Душанбе, 12 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-29 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин хусус Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ба имзо расонд. Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар иҷлосияи ҳаштум Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи экспертизаи экологӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳамзамон интизор меравад, ки дар иҷлосияи ҳаштуми палатаи болоии парлумони мамлакат масъалаҳои марбут ба рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар матраҳ хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






