Деҳқон бошӣ- шудгор кун
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, пешбинӣ шудааст, ки майдони 618 ҳазору 15 гектар замин то оғози кишти баҳорӣ шудгор карда шавад. Чунонки аз маълумоти раёсати вазорат бармеояд, то 5 –уми март ҳамагӣ 448 ҳазору 548 гектар замин шудгор шудааст, ки он 72,6 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.Ҳамзамон тибқи дурнамои вазорат соли ҷорӣ дар масоҳати 130 ҳазору 98 гектар кишти зироати баҳорӣ пешбинӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, то 5 –уми марти соли ҷорӣ ҳамагӣ дар масоҳати 16 ҳазор гектар кишти баҳорӣ анҷом дода шудааст, ки 12 ҳазор гектари онро гандум, 2 ҳазору 560 гектарро ҷав ва 1 ҳазору 391 гектари дигарашро кишти дигар навъҳои ғалла ташкил медиҳад.Дар ин давра дар ҳоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон 13 ҳазору 695 гектар, дар вилояти Суғд – 1152 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба андозаи 1 ҳазору 459 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст.Дар сурате, ки шудгори замин то кишти баҳорӣ анҷом дода нашудаасту кишти баҳорӣ ҳамагӣ 12 фоиз иҷро шудааст, деҳқононро дар шароити обу ҳавои имсола имтиҳони ҷиддӣ дар пеш аст ва беҳуда нест, ки миёни мардум зарбулмасали «Деҳқон бошӣ, шудгор кун…» маҳбубият дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






