Дурнамои ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷират бо «Амонатбонк»
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 1 март дар Душанбе вохӯрии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти «Амонатбонк» баргузор гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот масоили дурнамои ҳамкориҳои самарабахши Хадамоти муҳоҷират бо «Амонатбонк» мавриди муҳокима қарор гирифта, тарафҳо омодагии худро баҳри ба имзо расонидани созишномаи дуҷониба дар бобати танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ баён доштанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик мулоқоти кормандони Хадамоти муҳоҷират бо мутахасисони «Амонатбонк» доир гардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






