Дурнамои Хадамоти муҳоҷирати ҶТ
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Оғибой Смагулов масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши муҳоҷирати меҳнатиро муҳокима намуд.Тавре дар Муҳоҷирати меҳнатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дар Қазоқистон кушодани Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва бархе проблемаҳои марбут ба бақайдгирии шаҳрвандони ҶТ, ташкили комиссияи кории оид ба созишномаҳои қаблан имзошуда дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, таълиму тарбияи кадрҳо аз ҷумлаи шаҳрвандони ҶТ дар омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии Қазоқистонро муфассал муҳокима намуданд.Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки омодаанд ба таҳкиму рушди минбаъдаи муносибатҳои байни ҳар ду кишвар дар ин бахш мадад расонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






