Эъломияи Душанбе қадами устувор дар роҳи эҳёи Афғонистон

Март 27, 2012 16:35

Душанбе, 27 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Мо итминон дорем, ки Эъломияи Душанбе ба ҳайси қадами навбатӣ дар пешбурди раванди ҳамкориҳои минтақавӣ ва барқарорсозии сулҳу субот, эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ва рушди минтақа саҳми худро гузошта метавонад»,- зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон / RECCA-V/, ки муддати ду рӯз -26-27 марти соли 2012 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе зери шиори «Ҳамкориҳо барои таҳкими ҳамгароӣ ва рушду суботи минтақавӣ» доир гардид, бояд ҳамчун заминаи устувор барои ҳамкории дарозмуддат ва шарикӣ, рушди робитаҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии кишварҳои ҳавасманд хизмат намояд.  Ҳамрохон Зарифӣ таъкид кард, ки дар марҳилаи барои Афғонистон сарнавиштсоз Эъломияи Душанбе аз ҷониби ҳамёрони ин кишвар – давлатҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавии манфиатдор дастгирии ҳамаҷониба ёфта, ҷиҳати анҷоми муваффақонаи мақсадҳои муайяншуда ба ҳайси роҳнамо хизмат хоҳад кард. Назар ба гуфтаҳои сардори идораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои конфронси Душанбе соли ҷорӣ дар конфронсҳои Кобул ва Токио рушди минбаъдаи мантиқӣ ва воқеии худро пайдо хоҳанд намуд.15.40.

Март 27, 2012 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст