Фақат ихтисосмандонро ба кор мегиранд

Март 1, 2012 09:00

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиало Девонаев, соли ҷорӣ дар асоси тағйиру иловаҳои Қонуни ФР «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» фақат муҳоҷирони меҳнатиеро, ки бо касбҳои барои бозори кор зарурбуда озими Федератсияи Русия мегарданд, ба кор қабул карда мешаванд. Ба иттилои манбаъ, соли 2011 шумораи муҳоҷирони аз ФР хориҷшудаи Тоҷикистон нисбат ба соли 2010 ба андозаи 26 фоиз коҳиш ёфтааст.Дар айни ҳол дар омӯзишгоҳҳои касбии Тоҷикистон бо дастгирии намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия садҳо ҷавонон барои гирифтани ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Баъди ҳар шаш моҳ хатмкунандагони мактабҳои касбӣ бо роҳхат дастҷамона ба ФР ба кор фиристонида мешаванд.

Март 1, 2012 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад